Пӯшида нест, ки хизматрасониҳои тиббӣ дар кишварҳои Африқо беҳбудиро талаб мекунад. Фақат дар баъзе давлатҳо беморҳонаҳои хуб мавҷуданд, марказҳои табобатии сатҳи аврупоиро танҳо дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дарёфт кардан мумкин аст.

Медицинская авиация в Африке

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) омода аст ҳавопаймои тиббиро дар ҳама кунҷу канори континент пешкаш намуда, беморро то макони табобат интиқол диҳад. Киштии ҳавоии бо лавозимоти махсус таҷҳизонидашуда, ки дар асл реаниматсия дар канори ҳавопаймо аст, маризро ба беморхонаи интихобшуда, дар куҷое, ки ҷойгир нашуда бошад, интиқол медиҳад. Интиқоли ҳавоӣ барои мариз бехатар буда, ҳамагӣ чанд соатро дарбар гирифта, нороҳат намекунад.

Дар маҷмӯъ авиатсияи санитарӣ дар Африқо он қадар ҳам ривоҷу равнақ наёфтааст. Ҳатто дар минтақаҳои офатзада на ҳама вақт ҳавопаймоҳо ва чархболҳои махсус барои наҷоти ҷабрдидагон пешниҳод мегарданд. Аммо ин гувоҳи он нест, ки шахсони дорои континент имконияти табобати босифатро надошта бошанд. Ба туфайли фаъолияти AVIAV TM (Cofrance SARL) гирифтани хизматрасонии тиббии аълосифат бо интиқол ба ҳама беморхонаҳои маҳаллӣ ва аврупоӣ имконият мавҷуд аст.

Чӣ тавр хатсайри тиббиро бояд фармоиш дод

Барои фармоиши хатсайри тиббӣ дар Африқо, ба ҳеҷ куҷо рафтан зарур нест. Ҷойгир кардани дархост дар сайти мо бо ишораи матлаби таҳвили бемор, кифоя аст. Додани маълумоти зерин зарур аст:

– макони оғоз ва интиҳои парвоз,

– санаи парвоз,

– теъдоди мусофирон, агар бемор танҳо набошад,

– ташхиси бемор.

Агар Шумо дар интихоби муассисаи тиббӣ мушкилӣ кашед, мутахассиси AVIAV TM (Cofrance SARL):

  • Ба Шумо беморхонаҳои хуби Аврупо ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубиро тавсия медиҳад,
  • арзиши табобатро муайян мекунад,
  • барои бастани шартнома кӯмак мерасонад,
  • машварати якуми фосилавиро бо мутахассиси зарурӣ таъъмин менамояд,
  • агар муаммои забонӣ бавуҷуд ояд, бо тарҷумон таъмин менамояд, ва асосиаш –
  • сафари Шуморо «аз оғоз то интиҳо» ташкил мекунад.

Албатта, интиқоли бемор барои табобат ба кишвари дигар ҳама вақт якчанд мушкилиҳо дорад. Аммо дар ҳолати ҳамкорӣ бо AVIAV TM (Cofrance SARL), Шумо ранҷу ташвиш оиди ба расмият даровардани ҳамаи ҳуҷҷатҳо намекашед, ҳамаи онро мо ба ӯҳдаи худ мегирем.

Авиатсияи тиббӣ дар Африқо барои ҳалли бисёр масъалаҳо кӯмак мерасонад:

  • интиқоли беморро ба ҳама гуна кунҷу канори ҷаҳон таъмин менамояд, ва дар ҳолати беҳад вазнин, бояд беҳаракат қарор дода бошад,
  • беморро ба маркази табобатӣ ё осоишгоҳ бурда расонад,
  • ҳомиладори дар мӯҳлати зоиш қарордоштаро ба таваллудхона интиқол диҳад,
  • амалиётҳои наҷоти осебдидагонро дар мавзеи дастнорас анҷом диҳад,
  • саёҳат аз рӯи майлу рағбати калонсолонро ташкил мекунад.

Дархости парвози тиббиро ҳозир ҷойгир кунед

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳам бо ташкилотҳо, ҳам бо шахсони воқеӣ ҳамкорӣ мекунад. Мо фармоишҳоро аз клиникаҳо қабул менамоем ва бо тамоми муассисаҳои тиббии ҷаҳон ҳамкорӣ дорем. Таъмини интиқоли босуръат ва бехатари бемор дар ҳама ҳолат имконпазир аст. Мо киштии ҳавоии заруриро дарёфт мекунем: аз чархболи сабук то ҳавопаймои бузург бо имконияти парвози байниконтиненталӣ. Сарнишинони ботаҷриба ва духтурони соҳаи зарурӣ парвози беморро мусоид ва бехатар анҷом медиҳанд.

Дар ҳолатҳои таъҷилӣ мо омода ҳастем киштии ҳавоиродар тӯли се соат баъд аз фармоиш манзур намоем. Ин вақт бо душворӣ барои омода намудани бемор ба сафар мерасад. Бе шубҳа, хуб мешуд, агар оиди парвоз қаблан таваҷҷӯҳ карда шавад: ин имконият медиҳад, ки натанҳо тамсилаи ҳавопайморо интихоб ва ба иҷора бо шарту шароити муфид  гирифт, балки бо назардошти ҳамаи хусусиятҳо парвозро дар муҳити хуб гузаронад. Ба туфайли кори AVIAV TM (Cofrance SARL) авиатсияи санитарӣ дар Африқо ҳамеша дар хизмати Шумост!