Бизнес авиация в Африке

Авиатсияи хусусӣ дар Африқо бомаром инкишоф меёбад. Дар баъзе кишварҳои муваффақи континент ва дар ҷазираҳо шахсони доро ё ташкилотҳо ёфт мешаванд, ки барои онҳо иҷораи ҳавопаймои хусусӣ зарур шуда истодааст.

 Ширкати бонуфузи AVIAV TM (Cofrance SARL) хизматрасонии хешро дар ҳама кишварҳои африқоӣ пешниҳод менамояд. Мо мизоҷон аз ҷазираҳои Сейшел ва Маврикия, аз Ботсван ва Габон, аз Ҷумҳурии Ҷанубии Африқо ва Намибия, аз Алжир, Тунис, Марокко, Гвинеяи Экваториалӣ, Ангола ва дигар давлатҳо, дорем. Мо омода ҳастем дар чанд соат ҳавопаймои хусусиро ба ҳамаи шаҳрҳои континент ё ҷазира, ки фурудгоҳ дорад, пешкаш намоем.

 Барои фармоиши ҷет дар Африқо метавонед дархостро дар сайти мо ҷойгир намоед. Ишораи зерин зарур аст:

– шаҳрҳои оғоз ва интиҳои парвоз,

– теъдоди мусофирон,

– санаҳои парвозҳои рафту омад,

– вазни тахминии бағоҷ.

Менеҷер таъҷилан дархости Шуморо коркард намуда, ба Шумо вариантҳои гуногуни ҳавопаймоҳо, ки омодаи парвоз бо хатсайри дархостшуда мебошанд, пешниҳод мекунад. Шумо дарҳол нархи парвози рафту омад, тамсила ва мӯҳлати истифодашавии ҳавопаймо, ғунҷоиш, вақти ҷараёни сафар, аз назар гузаронида, бо тавсиф ва суратҳои ҷет шинос шуда, варианти муфидро интихоб намоед.

Фақат бастани шартнома ва пардохти парвоз мемонаду халос. Ҳамаи ин ба воситаи интернет ба тариқи фосилавӣ буда, чанд дақиқаро ташкил мекунад. Баъд Шумо метавонед оромона ба сафар омодагӣ бинед, бо ташкили он мутахассисони ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) машғул мешаванд.

Аз ҳама сатҳи баланди бехатарӣ

Пӯшида нест, ки дар Африқо, ҳамчунин, дар тамоми дунё баъзан ҳодисаҳо бо ҳавопаймоҳо рух медиҳад. Бино ба ин, масъалаи бехатарӣ дар парвозҳои тиҷоратӣ аҳамияти калон дорад. Қабл аз парвоз ҳамаи ҳавопаймоҳо аз муоинаи ҷиддии техникӣ мегузаранд ва дар ҳолати идеалӣ қарор доштан,  ба парвоз роҳ дода мешаванд. Хушбахтона чунин ҳам аст, чунки соҳибон киштиҳои ҳавоии хусусро барои худ харидорӣ карда, ба хизматрасониҳои техникӣ маблағ дареғ намедоранд.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL)ба Шумо фақат ҳавопаймоҳои боэътимод аз истеҳсолкунандагони маъруфи ҷаҳонӣ, ки худро аз ҷиҳати мусбӣ нишон дода, дар байни мутахассисони варзидаи соҳа муҳаббат ва эҳтиром пайдо кардаанд, пешниҳод менамояд.

Ба Шумо барои хизматрасонӣ тамсилаҳои гуногуни Bombardier, Embraer, Sukhoi Superjet, Pilatus,  Fokker, Saab, Cessna,  Dassault Aviation, Gulfstream, Beechcraft ва ғайра пешниҳод мегардад. Агар дар интихоб Шумо мушкилӣ кашед, менеҷери мо бо хусусиятҳои ҳолати Шумо, варианти муфидро пешниҳод менамояд.

Ба экипажҳои авиатсияи хусусӣ лётчикҳое, ки даҳ сол бомуваффақият дар авиатсияи гражданӣ парвоз кардаанд, қабул шудаанд. Ҳамаи сарнишинони ҳавопаймо аз аттестатсияи байналмилалӣ гузашта, тавсияҳои хуб ва саломатии пӯлодӣ доранд. Роҳбаладҳои ҳавопаймоҳои хусусӣ аз курсҳои иловагии ёрии тиббӣ гузашта, дар ҳолати зарурӣ дар ҷараёни парвоз ба мусофирон кӯмак мерасонанд, аммо чунин ҳодисаҳо кам рух медиҳад.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) махфияти парвоз, сад дар сад шаффофияти ҳуқуқии созишнома, муомилаи хуш ва муносибати эҳтиромона бо мизоҷонро кафолат медиҳад. Агар хоҳиш дошта бошед, ба Шумо дастаи посбонони шахсӣ ё мушоиаткунандагон пешниҳод мегардад.

Ҳамкорӣ бо AVIAV TM (Cofrance SARL) дар куҷои дунё набошед қулай аст. Ба мо муроҷиат кунед ва мо дар фармоиши ҷет дар Африқо бо шарту шароити муфид кӯмак мерасонем!